Flatik.ru

Перейти на главную страницу

Поиск по ключевым словам:

страница 1
Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш.О. 20 августи соли 2010 тасдиқ карда шудааст


Д а с т у р а м а л и м е т о д ӣ

оид ба ошкору тафтиши ҳолатҳои гирифтани пора

аз ҷониби шахсони мансабдор
Гирифтан ё талаб намудани пора аз ҷониби шахсони мансабдор ҳамчун ҷиноят дар асоси ариза, баёнот ва нишондоди шахси порадиҳанда ё порамедодагӣ ошкор карда мешавад.

Дар бисёр мавридҳо дар асоси хабару маълумотҳо ва иттилоотӣ шахси мансабдори корхона, муассиса, ташкилот ва воситаҳои ахбори омма оид ба гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор санҷиш гузаронида, бо сабаби ин хабару иттилоотҳоро тасдиқ накардани шахси порадиҳанда қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қабул карда мешавад.

Аз таҷрибаи тафтишоти пешакии ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ маълум аст, ки дар бораи ин ҷиноятҳо аз ҷониби порадиҳандаҳо пеш ё баъд аз додани пора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва прокуратура хабар дода мешавад.

Ошкор намудани ҳолатҳои порагирии пеш содиршуда ва тафтиши онҳо хеле мушкил буда, зиракӣ, моҳирӣ, доногӣ ва тафтиши касбии босифатро талаб менамоянд, ки дар ин бора хеле таҷрибаҳои хуби тафтишотӣ мавҷуданд, лекин оид ба онҳо дар дастури мазкур чизе нагуфта, асосан дар бораи санҷиши аризаҳои шахсони порадиҳанда бобати аз ҷониби шахсони мансабдор гирифтан ё талаб намудани пора ва тафтишоти чунин ҳолатҳо истода мегузарем.

Ҳангоми қабул ва санҷиши аризаҳо дар бораи аз ҷониби шахсони мансабдор гирифтан ё талаб намудани пора бояд талаботи моддаҳои 141, 145 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра риоя карда шавад.

Ҳангоми дохил шудани чунин аризаҳо, муаллифони онҳо аз ҷониби шахсони мутасаддии мақомоти номбурда бояд таклиф карда шуда, дар бораи будани имзои онҳо дар аризаҳои мазкур ҷой доштани ҳолатҳои ҳамчун ҷиноят дар аризаҳояшон дарҷ гардида, баёнот гирифта шавад. Ҳамчунин ба шахсони аризадиҳанда талаботи моддаи 346 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбинӣ шудани ҷавобгарони ҷиноятӣ барои дидаю дониста расонидани хабари бардуруғ фаҳмонида шавад.

Аризаҳо дар бораи ҷиноят, аз ҷумла гирифтани пора шифоҳӣ ва хаттӣ шуда метавонанд. Аризаҳои хаттӣ бояд аз ҷониби аризадиҳандаҳо имзо гузошта шаванд. Дар ҳолати дар аризаҳо набудани имзои шахсони аризадиҳанда, онҳо ҳамчун аризаи беном мавриди санҷиш қарор дода намешаванд.

Агар аризаҳо шифоҳи бошанд, он гоҳ ба протокол дохил карда шуда, ба онҳо тибқи талаботи моддаи 141 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аризадиҳандаҳо ва шахсони мансабдори мақомоти таҳқиқ, муфаттишон ё прокурорҳо, ки аризаҳоро қабул кардаанд, бояд имзо гузоранд.

Бо вуҷуди ин, аризадиҳандаҳо барои ҷавобгарии ҷинояти оид ба дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ огоҳонида шуда, дар протокол сабт ва бо имзоашон тасдиқ карда мешаванд.

Дар ҳолати қабули аризаи шифоҳӣ кормандони фаврӣ бояд аз бланкаи стандартии тайёрнамудаи мақомоти прокуратура «Протоколи қабули аризаи (хабарӣ) шифоҳӣ оид ба содиршавии ҷиноят» истифода бурда, ҳодисаро ҳаматарафа муайян намуда, баъд аз он протокол тартиб диҳанд.

Протоколро тибқи талаботи моддаи 172 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастӣ навиштан, дар мошинка чоп кардан, ё ба тарзи компютерӣ тартиб додан мумкин аст.

Дар протокол инҳо бояд инъикос ёбанд:

- маҳали (ҷой) тартибдиҳии он;

- вақти оғоз ва анҷоми тартиб додани он;

- вазифа ва ному насаби шахси тартибдиҳандаи протокол;

- ному насаб, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, суроғаи аниқи шахси аризадиҳанда;

Мазмуни ариза бояд чунин ҳолатҳоро дарбар гирад:

- нисбати кадом шахси мансабдор дар бораи иҷро кардан ё накардани кадом ҳаракат ё беҳаракати хабар дода мешавад;

- рӯз, моҳ ва соли содиршавии ҷиноят;

- хоҳиши шахси аризадиҳанда бобати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳгор;

- имзои аризадиҳанда ва корманди фаврие, ки аризаро қабул намудааст.

Баъд аз қабули аризаи хаттӣ ё тартиб додани протоколи аризаи шифоҳӣ, корманди фаврӣ вазифадор аст, ки барои пурра, ҳаматарафа ва холисона муайян намудани ҳолати талаб намудан ё таъмаҷӯии пора, баёноти аризадиҳанда ва дигар шахсоне, ки дар ин бора маълумот доранд, гирифта, ҳуҷҷатҳои ба ин ҳодиса алоқамандро фавран ҷамъоварӣ намояд.

Агар аризадиҳанда худ порадиҳанда бошад, ҳолатҳои зерин бояд муайян карда шаванд:

- шахси мансабдоре, ки пора талаб ва ё таъмаҷӯӣ намудааст, кист, дар куҷо ва дар кадом вазифа фаъолият дорад;

- пораро барои ба анҷом расонидани кадом ҳаракат ё беҳаракатӣ талаб намудааст;

- дар порадиҳӣ ва порагирӣ шахсони миёнарав ҳастанд ё не;

- агар миёнаравҳо бошад, шахсияти онҳо муайян карда шавад;

- предмети пора аз чӣ иборат мебошад (пул, коғазҳои қимматнок, амвол ё фоидаи дорои хусусияти молумулкӣ);

- ҷой, вақт ва тарзи додан ва гирифтани пора;

- шахси порагир амалиёти хизматии худро ба манфиати порадиҳанда иҷро кардааст ё не;

- агар иҷро карда бошад, он дар чӣ ифода ёфта ва дар кадом санадҳо дарҷ гардидааст;

- дар бораи додан, гирифтан ва таъмаҷӯӣ кардани порагир аз порадиҳанда, боз киҳо медонанд, ё ин ҳолатро тасдиқ карда метавонанд.

Оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба додану гирифтани пора вобаста ба мансаби ишғолкардаи шахси порагир хусусиятҳои хоси худро дорад, ки ба онҳо аҳамияти ҷиддӣ додан лозим аст.

Мисол, нисбати судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаанд, мувофиқи моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

Баъди оғози парвандаи ҷиноятӣ пеш аз дастгиркунии шахси порагиранда ва дар рафти дастгиркунии чунин шахс дар ҷои ҳодиса иштироки кормандони фаврӣ ва мутахассис (эксперт) ҳатмӣ мебошад. Аз ин рӯ, баъди оғози парвандаи ҷиноятӣ аз ҳисоби кормандони оперативии мақомоти прокуратура ва кормандони фаврии мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқ (ВКД, АНДМ ва МК, АНМН ва КДАМ), ки ба амалиёт шомил карда мешаванд, бояд гурӯҳи тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шавад.

Пас аз ҷамъоварии ҳама ҳолатҳои тасдиқкунанда, агар суиқасди гирифтани пора бошад, фавран бо қисми 3 моддаи 32 – моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҷиноят ба охир расида бошад, бо моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

Дар рафти тафтишот набояд фаромӯш кард, ки судяи суди конститутсиони, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро бе ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи суди ҳарбӣ, суди ВМКБ, суди вилояти суди шаҳри Душанбе, суди шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии ВМКБ, суди иқтисодии вилояти, суди иқтисодии шаҳри Душанберо бе ризоияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Ба ҳабс гирифтани судя фақат бо ризогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати суд мумкин аст.

Вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо низ дахлнопазири дошта, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ аз тарафи прокурори мутобиқан баробар ва болои оғоз карда мешавад. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани онҳо фақат баъди аз Маҷлиси вакилони халқ, ки ӯ вакил аст, ё маҷлиси вакилони болоӣ розигӣ гирифтан мумкин аст.

Ғайр аз ин, пеш аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, мансаби ишғол кардани шахси порагиранда бояд дуруст муайян карда шавад. Дар таҷриба чунин ҳолатҳое ҷой доранд, ки бе пуррагӣ муайян кардани ваколати шахси порагиранда бо қисми 3 моддаи 32 – моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад, лекин баъди дастгир кардани шахси порагиранда муайян карда мешавад, ки шахси порагиранда субъекти ҷинояти моддаи 319 КҶ набуда, балки субъекти ҷинояти дар моддаи 247 (қаллобӣ) ё 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мебошад.

Аз ин лиҳоз, пеш аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба риояи талаботи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2008 «Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии марбут ба гирифтан, додани пора ва ришвадиҳии тиҷоратӣ» аҳамияти ҷиддӣ додан лозим аст.

Корманди фаврӣ ҳолати ҳуқуқии аризадиҳандаро бобати ба таври ихтиёрӣ иштирок намудани ӯ дар амалиёти дастгир кардани шахси порагир ё миёнарав фаҳмонида, дар ин бора розигии ӯро мегирад.

Баъд аз ин бо риояи талаботи моддаҳои 85-88 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида мешаванд.

Агар ҳангоми пешбурди амалиёти тафтишотӣ аксбардорӣ, сабти овоз ва видео татбиқ шуда бошад, қабл аз истифодаи ин воситаҳои техникӣ аризадиҳанда ва дигар шахсони иштирокчӣ огоҳ карда шуда, пас дар протокол дар ин бора қайд карда мешавад.

Одатан ҳангоми пеш аз дастгир намудани шахси порагиранда ба аризадиҳанда (порадиҳанда) барои сабти гуфтугӯи байни онҳо диктафон супорида шуда, дар ин бора протокол тартиб дода мешавад.

Протоколи супоридани диктофон тибқи талаботи моддаи 172 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Дар протокол рӯз, моҳ сол, соат, дақиқа, ҷой ва ному насаби мансабдор, ки протоколро тартиб додааст, навишта шуда, дар ҳузури шахсони холис бо нишон додани ному насаб ва суроғаи онҳо ба аризадиҳанда диктофон бо нишондоди тамға ва ҷои истеҳсоли он супорида шуда, тарзу усули истифодабарии диктофон ва ҳуқуу вазифаҳои шахсони холис фаҳмонида мешавад.

Бо протокол шахсони дар он иштирокдошта шинос шуда, бо имзои худ дурустии онро тасдиқ менамоянд.

Пас аз ин, аризадиҳанда дар ҳузури шахсони холис ва дигар шахсони дар амалиёти тафтишотӣ иштирокнамуда диктофонро дар либосҳояш пинҳон карда, барои иҷрои амалиёти номбурда меравад.

Баъд аз гашта омадани аризадиҳанда, бо риояи талаботи моддаи 172 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон боз протокол «Оид ба гирифтани диктофон» тартиб дода мешавад (намунаи протоколи гирифтани диктофон замима карда мешавад).

Дар протокол бояд инҳо иникос ёбанд:

- маҳали (ҷой) тартибдиҳӣ;

- вақти оғоз ва анҷоми тартиб додани он;

- вазифа ва ному насаби шахси тартибдиҳандаи шахси протокол;

- ному насаб, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, суроғаи аниқи шахсони холис;

- фаҳмондадиҳии ҳуқуқу вазифаҳои шахсони холис.

Сипас, диктофон аз аризадиҳанда гирифта шуда, гуфтугӯи дар он дарҷгардида шунида шуда, стенография тартиб дода мешавад.

Протоколҳо бо овози баланд хонда шуда, дурустии онҳо тасдиқ ва аз тарафи иштирокчиёни амалиёт имзо карда мешавад.

Баъд аз он, ки ҷой ва вақту соати гирифтани пора ва таъмаҷӯии порагиранда аниқ карда мешавад, протоколи коркарди пул бо хокаи кимёвии махсус, протоколи нишонакунии махсуси маблағҳои пулӣ ва додани он тартиб дода мешаванд.

Дар ин протоколҳо низ рӯз, моҳ, сол, соат, дақиқа, ҷои тартиб додани он, ному насаб ва вазифаи ишғолнамудаи шахси мансабдор, ки протоколро тартиб додааст, навишта шуда, дар ҳузури шахсони холис бо нишон додани ному насаб, суроға ва фаҳмонидани ҳуқуқу вазифаҳои онҳо бо иштироки мутахассис ва фаҳмонидани ҳуқуқу вазифаҳои ӯ, ки дар моддаи 179 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, амалиёти нишонакунии пулҳо бо қарори махсус ва коркарди пулҳо бо моддаи мушаххаси кимёвӣ гузаронида мешавад.

Дар ин раванд иштирокчиёни ин ҳаракати тафтишотӣ хусусияти қалами махсус ва моддаи мушаххаси кимёвӣ, тартиби аён гаштани коркард ва навиштаҷот, истифода намудани техникаи криминалистӣ бо нишон додани ном ва тамғаи онҳо фаҳмонида мешавад.

Пулҳои нишонакарда ва коркардашуда дар коғази сафед печонида шуда, ба аризадиҳанда барои ба шахси порагиранда ё миёнарав супорида он дода мешавад.

Протоколҳо бо овози баланд хонда шуда, дурустии онҳо тасдиқ ва аз тарафи иштирокчиён имзо карда мешавад.

Ҳаминро таъкид кардан зарур аст, ки ашёи арзишдор ва маблағҳои пулӣ аз суратҳисоби махсус ба сифати пора истифода карда мешавад.

Оид ба додани пора дар шакли маблағҳои пулӣ коғазҳои қиматнок, дигар намуд амвол ё ашёи дорои хусусияти молумулкӣ низ коркард ё нишонагузорӣ карда шуда, дар ин бора тибқи талаботи моддаи 172 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода мешавад.

Баъд аз он, ки ба аризадиҳанда пул ё ашёи арзишдор ҳамчун предмети пора барои додан ба шахси порагиранда супорида мешавад, бояд сару либос ва дастони аризадиҳанда бо воситаи асбоби равшанидиҳандаи махсус аз назар гузаронида, дар онҳо ҷой доштан ва олуда будани онҳо ба хокаи махсуси кимёвӣ муайян карда шуда, дар ин ҳолат низ бо иштироки шахсони холис ва мутахасис протокол тартиб дода мешавад.

Бо ҳамин тарз азназаргузаронии либос ва дастони кормандони фаврӣ, ки дар амалиёти дастгиркунӣ иштирок мекунанд, гузаронида шуда, дар ин бора низ протокол тартиб додан лозим мебошад.

Дар вақти тарҳрезӣ намудани нақшаи амалиёти дастгир кардани шахси порагир, нақшаи ҷои эҳтимолии ҳодиса, яъне ҷои доду гирифти пора тартиб дода шуда, ҷои исти ҳар як корманди фаврӣ ва вазифаҳои онҳо муайян ва ба онҳо фаҳмонда мешавад.

Як ё ду рӯз пеш аз гузаронидани ин амалиёти тафтишотӣ корманди фаврӣ ба ин амалиёт мутасаддӣ бояд ҷойи эҳтимолии ҳодисаро дида бароянд ва вобаста ба мавқеъи ҷои ҳодиса, ҳолатҳои ба вуҷуд омадани ҳар гуна ҳодисаҳоро баъди доду гирифти пора пешбинӣ намуда, баҳри пешгирии онҳо пешаки ҷои истиқомат ва кори порагиранда, роҳҳо ва тарзи ба кор рафта омадан, утоқи корӣ (дар ошёнаи чандум, рақами утоқи корӣ, қабулгоҳ дорад ё не), соатҳои корӣ, одатҳои ҳаррӯзаи шахси мансабдор омӯхта шуда, чораҳои бехатарӣ низ пешбинӣ шаванд.

Масалан, шахси порагиранда силоҳҳои сарду оташфишон дорад ё не, усулҳои карате ва дигар усулҳои худҳимоякуниро медонад ё не ва инчунин дигар одату хислатҳои ӯ муайян карда шавад.

Пеш аз гузаронидани амалиёти тафтишотӣ оид ба дастгир намудани гумонбар дар ҷои ҳодиса вазифа ва нақши ҳар кадоми иштирокчиён боз ҳам аниқ ва фаҳмонида шавад.

Ба аризадиҳанда, ки шахси порадиҳанда ҳисоб мешавад, фаҳмонда шавад, ки ӯ чи тавр диктофонро истифода барад, барои сабт шудани гуфтугӯи ӯ бо порагир оид ба мақсади додани пора, ҳаракатҳои порагир бар ивази пораи гирифта шуда, гуфтугузор намояд.

Баъд аз додани пора ишора ё ҳаракати муайянро иҷро карда, ба иштирокчиёни амалиёт фаҳмонад, ки порагир пул ё ашёи талабкардаро гирифт.

Ин ишораи порадиҳанда асос барои саршавии амалиёти дастгиркунии порагир мешавад ва иштирокчиёни амалиёти номбурда мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда амал карда, амалиёти дастгиркунии порагирро ба анҷом мерасонад.

Бояд кӯшиш кард, ки ҳамаи амалиётҳо вобаста ба додану гирифтани пора ва дастгир намудани порагир бо истифода аз техникаи муосири сабткунии видео, суратгирӣ ва истифодаи асбобҳои равшанидиҳандаи ултрабунафш гузаронида шавад.

Таҷрибаи якчанд амалиётҳои гузаронидашуда нишон дод, ки дар истифодаи техникаҳо сабткунии видео, истифодаи асбобҳои равшанидиҳандаи ултрабунафш, ба хатоҳои зиёде роҳ дода шудаанд.

Аз он ҷумла:

- суратгирӣ умуман истифода нашудааст;

- видеонавор аз тарафи шахсоне гирифта шудааст, ки таҷрибаи сабти видеоро надоранд ва ба онҳо оид ба тартиби сабти ҳолатҳо, яъне аз куҷо сар карда, ба кадом ҳолатҳо аҳамият додан, кадом ҳолатҳоро аз масофаи дуртар сабт намудан фаҳмонида нашудааст;

- нақши роҳбарикунандаи муфаттиш, ки дар ҷои ҳодиса роҳбари гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ мебошад, ноаён буда, фаъол нест.

Тибқи талаботи қонун ҳамаи иштирокчиёни амалиёт баъд аз дастгиркунии порагир дар ҷои ҳодиса итоатгари муфаттиш буда, мувофиқи супоришҳои ӯ бояд амал намоянд. Шахсоне, ки бо сабти видео ва суратгирӣ машғуланд, бояд ба супориш ва гуфторҳои муфаттиш бодиққат гӯш карда, мувофиқан ҷойҳои ишора кардаи муфаттишро ба сабт гиранд.

Дигар иштирокчиёни амалиёт ё шахсони дигари мақомоти прокуратура (ба ғайр аз сардори раёсат ё шӯъбаи тафтишотӣ) гарчанде ки мувофиқи рутба ё вазифаи ишғолкардаашон аз муфаттиш баландар бошанд ҳам, дар ҷои ҳодиса ба муфаттиш фармон ё супориш дода наметавонанд.

Дастгир намудани шахси порагир дар ҷои ҳодиса ҳамчунин амалиёти дастгиркунии шахси ҷинояти вазнин содирнамуда буда, дар вақти муқобилат нишон додани ӯ ва ҳамиштироконаш ё шахсони дигар нисбати онҳо қувваи ҷисмони ё яроқи табели, техника ва дигар воситаҳои таъсиррасониро, ки қонунгузор раво донистааст, истифода бурдан мумкин аст.

Дар ҳолатҳои зарурӣ нисбати порагир ва ҳамиштирокони ӯ ҳатто зарари ҷисмонӣ расонида, иҷозат дода мешавад, ба шарте ки аз ҳадди мудофиаи зарурӣ набаромада, мақсад аз дастгиркунии ҷинояткор ё пешгирии ҳаракатҳои ӯ барои дигарон зарар расониданаш равона шуда бошад мумкин аст.

Баъд аз дастгир шудани шахси порагир, ҷои дастгиркунӣ, ҷои ҳодиса ҳисоб шуда, кормандони фаврӣ иштироки шахсони холисро таъмин намуда, барои фаъолияти кори муфаттиш барои гузаронидани дигар ҳаракатҳои зарурии тафтишотӣ шароит муҳайё менамоянд.

Азназаргузаронии ҷои ҳодиса ин яке аз ҳаракатҳои асосии тафтишоти пешакӣ ба ҳисоб рафта, барои пайдо намудани далелҳои шайъӣ ва пурраю ҳаматарафа гузаронидани тафтишот заминаи заруриро мегузорад.

Дар ҷои ҳодиса техникаи криминалистӣ, видео, суратгирӣ ва дигар воситаҳои махсуси зарурӣ истифода намуда, далелҳои шайъӣ, предметҳо ва воситаҳои ҷиноятро дар протокол дуруст дарҷ карда, ба пакетҳо, қуттиҳои ҳархела ҷой карда, бо воситаи мӯҳр ва имзои шахсони иштирокчӣ маҳкам кардан лозим аст.

Азназаргузаронии шахси порагир ва кофтукоби ӯ бо сабти видеоӣ, суратгирӣ ва асбобҳои равшанидиҳандаи ултрабунафш гузаронида, навиштаҷоти пулҳоро, ки бо қалами махсус навишта шуда буданд, хонда сабт кардан лозим аст.

Аагар аз дастон, либос ё дигар ҷои бадани порагир нишонаҳои хокаи кимёвии равшанидиҳандаи истифодашуда ёфта шавад, онро дар протокол пурра дарҷ карда, бо воситаи танпонҳои пахтагӣ ё докагӣ гирифта, дар пакетҳо андохта бо мӯҳр ва имзои шахсони холис тасдиқ карда, маҳкам кардан лозим аст.

Дар оянда экспертизаи судӣ-кимёвӣ таъин намуда, ягонагии хокаи истифодашударо дар коркарди пул ё ашёи ба порагир додашуда ва хокаи кимёвии аз бадани ӯ ёфташударо муайян карда, ҳамчун далели шайъӣ истифода бурдан зарур аст, ки ин гунаҳгории порагирро исбот менамояд.

Баъд аз тамом кардани азназаргузаронии ҷои ҳодиса пурсиши шахси мансабдори порагир аз тарафи муфаттиш бо тайёрии пурра ва истифодаи техникаи наворбардории видео гузаронида мешавад.

Пеш аз дастгиркунии порагир ва мутобиқи моддаҳои 91-92 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой кардани ӯ дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ТНМ), ӯро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, хулосаи табибонро оид ба вазъи саломатиаш гирифта, ба маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда мешавад.

Аз лаҳзаи дастгиркунии шахси гунаҳгор ба ӯ тибқи талаботи моддаи 46 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш фаҳмонида дода шуда, дар ин хусус протокол тартиб дода мешавад, ки он аз ҷониби дастгиршуда ва муфаттиш ба имзо расонида мешавад.

Дар рафти тафтишоти ин парвандаҳои ҷиноятӣ, ки гумонбаршудагон ва айбдоршавандаҳо шахсони мансабдор буда, дорои таҳсилоти олӣ, таҷрибаи зиёди роҳбарӣ ва ҳаётӣ ҳастанд, бояд муфаттиш ва кормандони фаврӣ маданияти баланд, касбият ва кордони нишон дода, бодиққат, ҷиддӣ ва босаводона рафтор намоянд.



Раёсати назорати тафтишоти

пешакӣ дар мақомоти Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 20 августи соли 2010 тасдиқ карда шудааст Дастурамалиметод ӣ оид ба ошкору тафтиши ҳолатҳои гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор

Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 20 августи соли 2010 тасдиқ карда шудааст

123.81kb.

17 12 2014
1 стр.


Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 20 августи соли 2010 тасдиқ карда шудааст Дастурамали методӣ оид ба тафтишоти пешакии

Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 20 августи соли 2010 тасдиқ карда шудааст

84.38kb.

15 09 2014
1 стр.


Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 20 августи соли 2010 тасдиқ карда шудааст дастурамали методӣ

Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 20 августи соли 2010 тасдиқ карда шудааст

114.62kb.

07 10 2014
1 стр.


Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 30 ноябри соли 2010 тасдиқ карда шудааст дастурама л оид

Аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Салимзода Ш. О. 30 ноябри соли 2010 тасдиқ карда шудааст

98.31kb.

10 10 2014
1 стр.


Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӢ ва машрубот

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №10, мод. 147; соли 1998, 10, мод. 74; соли 2002, №4, қ-1, мод. 179, 188; соли 2007, №6, мод. 434, 437; Қонуни ҶТ аз 03. 07. 2012

77.57kb.

17 12 2014
1 стр.


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид ме

71.7kb.

04 09 2014
1 стр.


Бо Қарори Раиси шањри Душанбе № аз соли 2010 тасдиќ карда шудааст

Он ба масъалаи баланд бардоштани сатњи дониши назариявї ва такмили мањорати касбии омўзгорон, роњхои љалби мутахассисони љавон ба касби омўзгорї равона буда

66.92kb.

10 10 2014
1 стр.


-

Бо ќатъномаи 2200 а (ХХI) Ассамблеяи Генералӣ 16 декабри соли 1966 ќабул шудааст ва љињати имзо, тасвиб ва њамроњ шудан боз аст. Мутобиќи моддаи 49 аз 23 марти соли 1976 эътибор па

907.22kb.

23 09 2014
1 стр.