Flatik.ru

Перейти на главную страницу

Поиск по ключевым словам:

страница 1

Эй касеки аз намоз ғофилӣ!

] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Муҳаммад Абдуллатифи Ансорӣ
Таҳия ба забони тоҷикӣ:

Абдусаттори Ҳ


2012 - 1433


يا غافلا عن الصلاة

«باللغة الطاجيكية»

محمد عبد اللطيف الأنصاري
ترجمة: عبد الستار ح

2012 - 1433





Феҳрасти мавзӯъҳо


Пешгуфтор…………………………………………

3

Фарзияти намоз……………………………………

7

Вақтҳои намоз……………………………………...

12

Аҳамияти намоз…………………………………...

16

Фазилати намоз……………………………………

19

Гуфтугу……………………………………………...

48

Мароҷеъ……………………………………………..

60


Пешгуфтор

Сипос Худоеро ки намозро бар мусалмонон фарз гардонида ва онро бузургтарин ибодат ва сутуни дини ислом ва василаи наздик шудан ба худ қарор дод, ва дуруду салом бар беҳтарин фарзанди Одам (а) Паёмбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва бар олу асҳоби бузургвораш бод.

Намоз яке аз аркони муҳими дини ислом мебошад, ки дар Қуръон ва суннати расули Худо барои барпо кардани он таъкиди зиёде шуда аст, аммо чи басо инсонҳоеки корҳои дунё онҳоро аз таваҷҷуҳ ба рӯзи охират боз дошта аст ва ба намозхондан аҳамияте намедиҳанд ва аз пушти шаҳавоти дунё саргардо-нанд, аз амрҳои Худованд дури мегиранд ва аз ёди Аллоҳ таъоло ғофиланд ва аз қаҳру ғазаби Ӯ наметарсанд ва аз оқибати баде ки дар интизори онҳо аст дар тарс нестанд.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

ﭽٱسۡتَحۡوَذَ عَلَيۡهِمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ فَأَنسَىٰهُمۡ ذِكۡرَ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ حِزۡبُ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ أَلَآ إِنَّ حِزۡبَ ٱلشَّيۡطَٰنِ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ١٩ ﭼ سورة المجادلة 19

"Шайтон бар онон чира гашта аст ва ёди Аллоҳро аз ёдашон бурда аст. онҳо ҳизби шайтон ҳастанд, огоҳ бошед! Ҳатман ҳизби шайтон зиёнкор ва зиёнбинандаанд".

(Сураи Муҷодала, ояти 19)

Оре, дар ҳолеки бар онҳо сиҳатию тинҷи, ризқу рӯзии фаровон насиб фармуда аст, аммо онҳо дар муқобил ба ҷои шукру итоъат аз Худованди бузург куфрони неъмат мекунанд.

Вой бар ҳоли он инсон, ки чигуна ҷуръат менамояд дар муқобили холиқ ва розиқи худ сарпечи ва нофармони кунад, оё намедонад ки ҳама инсонҳои рӯи замин дар муқобили Худои бузург бандагони фақир, муҳтоҷ ва хору залиланд.

Ва дар ин замон бо пахши васоили фасод дар ҷомеъа гуруҳе аз мардум намоз ва масҷидро тарк намудаанд, ки ин худ сабаби ғазаби Худованд мегардад зеро бузургтарин мусибат ва маъсият барои як мусалмон тарки намоз, ин ибодати бузург мебошад, ин матлаби кутоҳ вале муҳимро ки ба сурати навори овози (касет) дар соли 1424 ҳ нашр шуда ва акнун ба шакли рисолаи кучак бо каме дигаргуни омода гардида ва бар асоси рисола (يا غافلا عن الصلاة)навишта шударо ба унвони туҳфае хидмати бародарон ва хоҳарони муъмину мусалмонам тақдим мекунам, то бошад ки ғофиле ба худ ояд ва ё гумроҳе ба кумаки Худованди қодир ва тавоно роҳёб гардад. Ва аз даргоҳи Худованд мехоҳам ба мо кумак намояд то битавонем масъулияти худро дар муқобили исломи азиз анҷом дода ва дар роҳи дин хидмат намоем ва ба ҳамаи мо тавфиқу ҳидоят ва ибодат насиб намояд. Илтимоси дуъо.


Муҳаммад Абдуллатифи Ансорӣ

Мадинаи мунаввара

[email protected]

Фарзияти намоз
Дар Қуръони карим оёти зиёде дар бораи намоз вуҷуд дорад ки Худованд дар он мусалмононро ба ин ибодати бузург амр фармуда аст.

Худованд мефармояд:

ﭽفَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَۚ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ كَانَتۡ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ كِتَٰبٗا مَّوۡقُوتٗا ١٠٣ ﭼ سورة النساء 103

"Барпо доред намозро, ҳамоно намоз бар муъминон дар вақташ фарз карда шуда".

(Сураи Нисо, ояти 103)

(Яъне ҳар як намоз барои худ вақти муаян дорад, ки дар он вақт гузошта мешавад, агар баъди гузаштани вақташ хонда шавад намози қазо номида мешавад, ки намозхон аҷру савоби пурраро соҳиб намешавад, ба сабаби таъхир кардани намоз аз вақташ беузр)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

ﭽمُنِيبِينَ إِلَيۡهِ وَٱتَّقُوهُ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ٣١ ﭼ سورة الروم 31

"Эй мардум ру ба Худо биёред ва бо тавба ва ихлос дар амал ба суи Худо бар гашта ва аз азоби Ӯ бипарҳезед, ва намозро барпо доред ва аз ҷумлаи мушрикон набошед".

(Сураи Рум, ояти 31)


Ва дар сураи Бақара омада аст:

ﭽوَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱرۡكَعُواْ مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ ٤٣ ﭼ سورة البقرة 43

"Ва намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва бо намозгузорон (бо ҷамоъат) намоз гузоред".

(Сураи Бақара, ояти 43)

Ва Худованд дар сураи Анъом мефармояд:
ﭽوَأَنۡ أَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَٱتَّقُوهُۚ وَهُوَ ٱلَّذِيٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ﭼ سورة الأنعام 72

"Ва аз суи Аллоҳ бар мо дастур дода шуда аст инки намозро ба таври шойста бихонед ва аз Аллоҳ битар-сед ва Ӯст ки дар пешгоҳаш гирд оварда мешавед (онҷо аз ҳама амалҳоятон пурсида хоҳед шуд)".

(Сураи Анъом, ояти 72)

Ва дар сураи Иброҳим омада аст:

ﭽقُل لِّعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُنفِقُواْ مِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ يَوۡمٞ لَّا بَيۡعٞ فِيهِ وَلَا خِلَٰلٌ ٣١ ﭼ سورة إبراهيم 31

"Эй Муҳаммад! Бигу ба бандагони муъмини ман: Бояд намозро ба таври шойста бихонанд ва аз ончи барояшон додаам миқдореро дар пинҳони ва ошкори бибахшанд, пеш аз онки рузе фаро расад, ки дар он муъомала ва дӯсти нест".

(Сураи Иброҳим, ояти 31)

Инчунин дар сураи Тоҳо мефармояд:

ﭽإِنَّنِيٓ أَنَا ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدۡنِي وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِذِكۡرِيٓ ١٤ ﭼ سورة طه 14

"Ман Аллоҳ ҳастам, ва маъбуде ҷуз ман нест, пас танҳо манро ибодат кун (ибодати холис аз ҳаргуна ширк) намозро бихон то ҳамеша ба ёди ман боши".

(Сураи Тоҳо, ояти 14)

Ва дар сураи Нур омада аст:

ﭽوَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ٥٦ ﭼ سورة النور 56

"Ва намозро (дар вақти муъаян ва бо хушуъи лозим) бихонед ва закотро бар мустаҳиқонаш бипардозед, ва аз Паёмбар (с) итоат кунед, то инки аз суи Аллоҳ бар шумо раҳм шавад".

(Сураи Нур, ояти 56)

Ва дар сураи Баййина Аллоҳ таъоло мефармояд:

ﭽوَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ حُنَفَآءَ وَيُقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُواْ ٱلزَّكَوٰةَۚ وَذَٰلِكَ دِينُ ٱلۡقَيِّمَةِ ٥ ﭼ سورة البينة 15

"Дар ҳолеки ҷуз ин барояшон дастур дода нашуда аст, ки мухлисона ва ҳақгароёна Аллоҳро бипарас-танд ва танҳо шариъати уро ойини худ бидонанд, ва намозро чунонеки бояд бихонанд ва закотро бипар-дозанд. Дини ростин ва арзишманд ин асту бас".

(Сураи Баййина, ояти 15)

Ва дар суннати Паёмбар (с) ҳадисҳои зиёде дар амр бар намоз омада аст, ки ҷумлае аз онҳоро бароятон зикр мекунем

عنِ ابنِ عُمَرَ أَنَّ رسولَ اللّهِ صلى الله عليه وآله وسلم قال: «أُمِرْتُ أَنْ أُقاتِلَ الناسَ حتَّى يَشْهَدوا أَنْ لا إِلهَ إِلاّ اللّهُ وأنَّ محمداً رسولُ اللّهِ، ويُقِيموا الصلاةَ، ويُؤْتوا الزَّكاةَ. فإذا فَعَلوا ذلكَ عَصَموا مِنِّي دِماءَهُم وأموالَهُم إِلاّ بِحَقِّ الإِسلام، وحسابُهم عَلَى اللّه» بخاري ومسلم.

"Аз ибни Умар ривоят шуда аст ки Паёмбари Худо фармудаанд: "Ба ман дастур дода шуда аст ки бо мардум биҷангам то инки гувоҳи диҳанд ба инки ба ғайр аз Аллоҳ маъбуди бар ҳақе нест ва ҳамоно Муҳаммад расули Ӯ аст, ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд, агар ин корҳоро анҷом доданд, ҷон ва молашон маҳфуз хоҳад шуд, магар ба ҳаққи ислом ва ҳисобашон бар Аллоҳ мебошад".

Бухорӣ ва Муслим

Ва расули акрам (с) мефармояд:

«مُرُوا أَوْلاَدَكُم بالصَّلاَةِ وَهُمْ أَبْنَاءُ سَبْع سِنِينَ وَاضْرِبُوهُمْ عَلَيْهَا وَهُمْ أَبْنَاءُ عَشْرٍ، وَفَرِّقُوا بَيْنَهُمْ في المَضَاجِعِ» بخاري و أبي داود.

"Ҳангомеки бачаҳоятон ба ҳафт солаги расиданд онҳоро ба намоз амр намоед ва чун ба даҳ солаги расиданд ва намоз нахонданд онҳоро бизанед ва хобгоҳашонро ҷудо кунед".

Бухорӣ ва Абудовуд.
Вақтҳои намоз

Зикри вақтҳои намозҳои панҷгона дар баъзе аз оятҳои Қуръони карим омада аст, чунонеки дар сураи Исро омада аст:

ﭽأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِدُلُوكِ ٱلشَّمۡسِ إِلَىٰ غَسَقِ ٱلَّيۡلِ وَقُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِۖ إِنَّ قُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِ كَانَ مَشۡهُودٗا ٧٨ ﭼ سورة الإسراء 78

"Намозро чунонеки бояд бихон, ба ҳангоми заволи офтоб (ки аввали намози пешин аст ва имтидоди он вақти намози асрро низ дарбар мегирад) то торики шаб (аввали намози шом аст ва имтидоди он намози хуфтан то намози бомдод мебошад) ва бихон қуръони фаҷрро (намози субҳро) ҳаққо ки қуръони фаҷр мавриди мушоҳадаи фариштагон аст".

(Сураи Исро, ояти 78)

Ва дар сураи Ҳуд омада аст:

ﭽوَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ طَرَفَيِ ٱلنَّهَارِ وَزُلَفٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِۚ إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّ‍َٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّٰكِرِينَ ١١٤ ﭼ سورة الهود 114

"Ва намозро барпо доред, дар ду тарафи рӯз ва дар ҳисае аз шаб, ҳамоно некиҳо бадиҳоро аз байн мебарад, ин насиҳате аст барои касонеки насиҳат пазир ҳастанд"

(Сураи Ҳуд, ояти 114)

Ва дар ҳадиси шариф низ зикри вақтҳои намоз омада аст.

Расули акрам (с) фармудаанд:

«نَزَلَ جِبْرِيلُ فَأَمَّنِي فَصَلَّيْتُ مَعَهُ ثُمَّ صَلَّيْتُ مَعَهُ ثُمَّ صَلَّيْتُ مَعَهُ ثُمَّ صَلَّيْتُ مَعَهُ ثُمَّ صَلَّيْتُ مَعَهُ يَحْسُبُ بِأَصَابِعِهِ خَمْسَ صَلَوَاتٍ» بخاري

"Ҷибраил (а) нозил шуда ба имоматии у ҳамроҳаш намоз хондам, боз ҳамроҳаш намоз хондам, боз ҳамроҳаш намоз хондам, боз ҳамроҳаш намоз хондам, боз ҳамроҳаш намоз хондам, ба ангуштонаш панҷ намозро ҳисоб намуданд".

Бухорӣ


Ва ҳангомеки расули акрам (с) Маъоз ибни Ҷабалро ба Яман фиристоданд ба ӯ фармуданд:

«ادْعُهم إِلَى: شهادةِ أنْ لا إله إلاّ اللّهُ وأني رسولُ اللّهِ، فإن هُمْ أطاعوا لذلك فأَعْلِمْهُم أنّ اللّهَ افترَضَ عليهم خَمسَ صَلواتٍ في كلّ يومٍ وليلة، فإن هم أطاعوا لذلك، فأَعْلِمْهُم أنّ اللّهَ افترضَ عليهم صدقةً في أموالِهمْ، تُؤخَذُ من أغنيائهم وتُرَدُّ على فُقَرائهم» بخاري: 1377

"Онҳоро даъват кун то гувоҳи диҳанд ки маъбуди бар ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва инки ман банда ва фиристодаи Аллоҳ мебошам. Агар дар ин маврид аз ту фармон бардори карданд огоҳашон кун, ки Худованд дар ҳар шабона рӯз панҷ намоз бар онҳо фарз намуда аст. Боз агар аз ин амр пайрави карданд бо хабарашон соз, ки Худованд бар онҳо садақа (закот) фарз намуда аст, ки аз сарватмандонашон гирифта шуда ва ба фақирон ва нотавонашон бар гардонида мешавад".

Бухорӣ 1377

Аммо инки шиъаҳо панҷ вақт намозро дар се вақт адо мекунанд хилофи ошкор бо Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбари Худо мебошад, зеро эшон дар фармоне ки ба ҳамаи волиёни ҳукумати исломӣ дар замони хилофати хеш навиштанд, вақтҳои намозҳои панҷгонаро ба шакли возеҳ баён фармудаанд ки лафзи онро аз китоби Наҳҷулбалоға ки муътабарта-рин китоб баъд аз Қуръон дар назди шиъаҳо аст, нақл мекунам:

«أَمَّا بَعْدُ فَصَلُّوا بِالنَّاسِ اَلظُّهْرَ حَتَّى تَفِي‏ءَ اَلشَّمْسُ مِنْ مَرْبِضِ اَلْعَنْزِ وَ صَلُّوا بِهِمُ اَلْعَصْرَ وَ اَلشَّمْسُ بَيْضَاءُ حَيَّةٌ فِي عُضْوٍ مِنَ اَلنَّهَارِ حِينَ يُسَارُ فِيهَا فَرْسَخَانِ وَ صَلُّوا بِهِمُ اَلْمَغْرِبَ حِينَ يُفْطِرُ اَلصَّائِمُ وَ يَدْفَعُ اَلْحَاجُّ إِلَى مِنًى وَ صَلُّوا بِهِمُ اَلْعِشَاءَ حِينَ يَتَوَارَى اَلشَّفَقُ إِلَى ثُلُثِ اَللَّيْلِ وَ صَلُّوا بِهِمُ اَلْغَدَاةَ وَ اَلرَّجُلُ يَعْرِفُ وَجْهَ صَاحِبِهِ وَ صَلُّوا بِهِمْ صَلاَةَ أَضْعَفِهِمْ وَلاَ تَكُونُوا فَتَّانِينَ» نامه 52 نهج البلاغه

"Аммо баъд! Намози пешинро то замоне бо мардум бигузоред, ки сояи офтоб ба қадри ҷои хоб кардани буз гардад, ва намози асрро замоне ба эшон бигузоред, ки офтоб сафед ва тобанда бошад ва аз рӯз он қадре монда бошад ки дар он ду фарсанг роҳ тавон паймуд, ва намози шомро замоне бо онҳо бихонед ки рӯзадор рӯза мекушояд ва ҳоҷи равонаи Мино мегардад ва намози хуфтанро замоне бо эшон бихонед ки шафақ пинҳон гардад то се дар яки шаб бигузарад ва намози субҳро замоне бо эшон бигузо-ред, ки ҳар кас сурати дигареро тавонад шинохт ва намозро дар ҳадди тавони нотавонтаринҳояшон баҷой оред, ки сабаби фитнаангезияшон нагардед".

Номаи 52,Наҳҷул балоға.

Инаст фармони ҳазрати Али (р) дар бораи вақтҳои намозҳои панҷгона ва агар бозҳам касонеки даъвои муҳабати ҳазрати Али ва аҳли байтро доранд панҷ вақт намозро дар се вақт бихонанд ва бо далелҳои беҷо бихоҳанд ин амали мухолифи Қуръон ва суннат ва мухолифи фармони ҳазрати Алиро тавҷеҳ кунанд. Чи метавон гуфт ҷуз инки: Аллоҳ таъоло ҳидояташон диҳад.

Аҳамияти намоз

Бародар ва хоҳари мусалмон! Намоз маконату мартабаи бузурге дар дини мубини ислом дорад. Намоз дувумин рукни асосии ислом баъд аз калимаи шаҳодат ва беҳтарини ибодатҳо мебошад. Намоз унвони ислом, далили имон ва ҳадди ҷудо кунанда миёни ислом ва куфр аст. Рӯзи маҳшар аввалин савол аз намоз мешавад ва намоз дар ҳазар ва сафар, дар бемори ва тандурусти, дар тинҷи ва нотинҷи, пири ва ҷавони бахшида намегардад. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аз расули Худо ривоят намуда аст, ки эшон фармуданд:

«لا دِينَ لِمَنْ لا صَلاةَ لَهُ» المعجم الكبير للطبراني وصحيح ترغيب الألباني

"Дин надорад касеки намоз намехонад".

(Муъҷамул кабир аз Табарони, ва саҳеҳи тарғиб аз Албонӣ)

Ва расули Худо дар ҳангоми сафараш аз ин дунё ва дар нафасҳои охири худ фармуданд:

«الصَّلَاةَ الصَّلَاةَ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ» ابي داود,ابن ماجه, ومسند أحمد

"Шуморо ба хондани намоз, шуморо ба хондани намоз, ва неки бо ғуломон супориш медиҳам".

Абудовуд, ибни Моҷаҳ, Аҳмад.

Ҳамчунин рӯзе расули акрам (с) намозро ёд намуда фармуд:

«مَنْ حافَظَ عَلَيْهَا، كَانَتْ لَهُ نُوراً وبُرْهَاناً وَنَجَاةً يَوْمَ القيامَةِ، وَمَنْ لَمْ يُحَافِظْ عَلَيْهَا، لَمْ يَكُنْ لَهُ بُرْهَانٌ وَلا نُورٌ وَلَا نَجَاةٌ، وَكَانَ يَوْمَ القِيَامَةِ مَعَ قارُونَ، وَهامَانَ، وَفِرْعَوْنَ، وَأُبَيِّ بْنِ خَلَفٍ» مسند امام أحمد وابن حبان .

"Касе ки намозро бо равиши дуруст ва саҳеҳ ва ҳамеша бихонад, он намоз дар рузи қиёмат барои он шахс василаи нуру бурҳон ва наҷот қарор хоҳад гирифт ва касеки бар намозаш муҳофизат нанамояд, барои ӯ дар рузи қиёмат василаи нур ва бурҳону наҷот қарор нахоҳад буд ва дар рӯзи қиёмат ҳамроҳ бо Қорун, Фиръавн, Ҳомон, ва Убай ибни Халаф ҳашр хоҳад шуд".

Муснади Имом Аҳмад ва ибни Ҳиббон

Ба далили аҳамияте, ки намоз дорад ривоёти зиёде дар мавриди кофир шудани тарк кунандаи намоз омада аст.

Расули акрам (с) фармуданд:

«الْعَهْدُ الَّذِي بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمْ الصَّلَاةُ فَمَنْ تَرَكَهَا فَقَدْ كَفَرَ» مسند أحمد و مسلم وترمذي

"Аҳду паймонеки миёни мо ва онҳо (кофирон ва мунофиқон) аст, иборат аз намоз мебошад, ва касеки онро тарк намуд ба таҳқиқ қофир шуда аст".

Муснади Имом Аҳмад ва Тирмизӣ.

Ҳамчунин расули акрам (с) фармудаанд:

«بَيْنَ الرَّجُلِ وَبَيْنَ الشِّرْكِ وَالْكُفْرِ تَرْكُ الصَّلاَةِ». صحيح مسلم

"Фарқ дар миёни марди муъмин ва кофиру мушрик, тарки намоз аст".

Саҳиҳ Муслим

Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

ﭽقَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ ١٤ وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰ ١٥ ﭼ سورة الأعلى 15

"Ҳамоно растагор шуд касеки покизаги ихтиёр кард, ва номи парвардигорашро гирифта ва сипас намоз хонд".

(Сураи Аъло, ояти 15)



Фазилати намоз

Дар Қуръони карим ва аҳодиси шариф суханони бе шуморе дар бораи фазилати намоз омада аст.

Худованд дар сураи Анкабут мефармояд:

ﭽٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ ٤٥ﭼ. العنكبوت 45

"Эй Паёмбар (с) бихон ончиро, ки аз китоб (Қуръон) ба ту ваҳй шуда аст, ва намозро чунонки бояд барпой дор. Мусалламан намоз инсонро аз гуноҳони бузург ва корҳои нописанд боз медорад, ва қатъан зикри Аллоҳ ва ёди Аллоҳ болотар ва бузургтар аст. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст ".

(Сураи Анкабут, ояти 45)

Ва дар сураи Муъминун дар васфи муъминон мефармояд:

ﭽوَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ٩ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡوَٰرِثُونَ ١٠ ٱلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡفِرۡدَوۡسَ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ١١ﭼ المؤمنون 9-11

"Ва касоне ки бар намозҳояшон ҳифозат кунандаанд, онҳо ҳастанд ворисоне ки ҷаннатул фирдавсро ирс мебаранд ва ҳамеша дар онҷо ҷовидона хоҳанд монд".

(Сураи Муъминун, ояти 11)

Намоз танҳо ибодате мебошад ки Худованди таъоло онро дар болои ҳафт осмон бар мусалмонон фарз гардонид, Ҳангомеки Худованд хост бар банда ва расули худ Муҳаммад (с) неъмати бузурге ато намояд эшонро аз масҷиди ҳаром дар Маккаи Мукаррама ба масҷиди Ақсо дар Фаластин ва аз онҷо ба осмони ҳафтум ва ба назди худ фаро хонд, ки зикри ин сафари муборак дар Қуръони карим омада аст:

ﭽسُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلٗا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ١ﭼ الإسراء 1

"Тасбиҳ ва тақдис сазовори парвардигоре аст, ки бандаи худ Муҳаммад писари Абдуллоҳ (с)-ро дар шабе аз масҷиди ҳаром (Макка) ба масҷиди Ақсо бурд. Онҷо ки атрофи онро пур баракат сохтаем. (то дар ин сафари як шабаи замини ва осмони) бархе аз нишонаҳои (қудратҳои Худовандии) худро барои ӯ нишон диҳем. Бидуни шак Худованд бисёр шунаво ва бино аст (на сухане аз у пинҳон ва на коре аз у ниҳон мемонад)".

(Сураи Исро, ояти 1)

Дар зимни ин сафари муборак, ки ба Исро ва Меъроҷ маъруф аст, Аллоҳ таъоло бар расули худ ва бар умматаш панҷ вақт намозро фарз гардонид ва ин аз сифатҳои хосси намоз, ин ибодати бузург мебошад, ки дар чунон мақоми шариф ва бузург ҳукми фарзияти он аз тарафи Худованд содир гардида аст.

Албатта қобили ёдовари аст ки дар он шаби муборак бори аввал панҷоҳ мартаба намоз дар як шабона руз фарз гардид, аммо бо васотати (миёнравии) Паёмба-рӣ меҳрубон ва маҳбубамон ҳазрати Муҳаммад (с) ба панҷ мартаба дар як шабона руз коҳиш ёфт, ки ба лутфи парвардигор панҷ вақт намоз савоби панҷоҳ намозро доро мебошад, далели дигаре ки дар бораи фазилат ва бузургии намоз мебошад ин аст ки нисбат ба фароизи дигар бештар дар Қуръони карим зикри он омада аст ва дар ҷоеки ҳамроҳи дигар фароиз омада бошад, пеш аз ҳама зикри намоз буда аст.

Чуноне, ки Худованд фармуда аст:

ﭽٱلَّذِينَ إِن مَّكَّنَّٰهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَمَرُواْ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَنَهَوۡاْ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۗ وَلِلَّهِ عَٰقِبَةُ ٱلۡأُمُورِ٤١ﭼ الحج 41

"(Он муминоне ки барояшон ваъдаи ёри ва пирӯзи дода аст) Касоне ҳастанд ки ҳаргоҳ дар замин эшонро қудрат бахшем. Намозро барпо медоранд. Ва амр ба неки ва манъ аз бади менамоянд, ва сар анҷоми ҳама корҳо ба Аллоҳ бар мегардад".

(Сураи Ҳаҷ, ояти 41)

Ҳар касеки намозро тарк намояд Худованд аз ӯ ибодатҳои дигар монанди руза, ҳаҷ, садақа, ҷиҳод, амр ба неки ва манъ аз бадиро намепазирад. Баин тартиб намоз бар ҳама ибодатҳо бартари дорад.

Намоз сар оғоз ва фотиҳаи хайре аст, ки мусалмонон рӯзи худро бо он шуруъ намуда ва шаби худро бо он ба поён мерасонанд. Намоз нишонаи имтиёз ва аломати ошкори мусалмонони растагор мебошад.

Худованд мефармояд:

ﭽقَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ١ ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي صَلَاتِهِمۡ خَٰشِعُونَ٢ﭼ المؤمنون 1-2

"Мусалламан мусалмонон пирӯз ва растагоранд, онҳо касоне ҳастанд ки дар намозашон фурутананд (бо хушуъ ҳастанд)".

(Сураи Муъминун, ояти 1-2)

Намоз робитаи мустақим миёни банда ва парвардигори ӯст, намоз муноҷот миёни махлуқ ва холиқ мебошад. Намоз лаззат бахши дилҳост, наздики ва унс бо Худованди осмону замин аст. Намоз сабаби нур дар чеҳра ва ислоҳ дар дил мебошад. Намоз дилҳоро пок намуда ва гуноҳонро дур мекунад ва инсони мусалмонро аз гуноҳони калон ва хурд ва корҳои бад ва ҳаром боз медорад.

Худованди таборак ва таъоло мефармояд:

ﭽٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ٤٥ﭼ العنكبوت 45

"Эй Паёмбар! Бихон ончиро ки аз китоб ба ту ваҳй шуда аст, ва намозро чунонеки бояд барпой дор, мусалламан намоз (инсонро) аз гуноҳони бузург ва аз корҳои нописанд боз медорад, ва қатъан ёди Аллоҳ (аз ҳар чизи дигаре) болотар ва бузургтар аст, ва Худованд медонад ки шумо чи корҳоеро анҷом медиҳед (подош ва ҷазоятонро хоҳад дид)"

(Сураи Анкабут, ояти 45)

Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Бидонед ки намоз мақоми волое барои парҳезгорон ва рукни асосии дин мебошад. Ҳазрати Умар писари Хаттоб (р) фармуданд:

«لَا حَظَّ فِي الْإِسْلَامِ لِمَنْ تَرَكَ الصَّلَاةَ» (موطأ, الإمام مالك).

"Касеки намозро тарк кунад дар ислом ҳеч насибе барояш нест".

(Муваттаъ, имом Молик)

Асҳоби расули акрам тарки намозро куфр медонис-танд ва агар ба такбири иҳром (такбири аввал дар намоз) намерасиданд бе андоза нороҳат ва ғамгин мегаштанд.

Эй касеки аз намоз ғофили! Чигуна ҷуръат менамои ки дар бораи ин ибодати бузург ғофил боши! Ва ё дар адои он кутоҳи намои ва ё онро ба шакли дуруст ва дар вақташ адо нанамои. Магар намедони ки намоз фарқ миёни кофир ва мусалмон мебошад, магар намедони ки намоз дилро равшан ва чеҳраро нурони намуда ва гуноҳу хаторо дур мекунад.

Дар ҳадисеки Имом Бухорӣ аз Абуҳурайра ривоят намуда аст расули акрам (с) фармуданд:

«أَرَأَيْتُمْ لَوْ أَنَّ نَهَراً بِبَابِ أَحَدِكُمْ يَغْتَسِلُ مِنْهُ كُلَّ يَوْمٍ خَمْسَ مَرَّاتٍ مَا تَقُولُونَ هَلْ يَبْقَى مِنْ دَرَنِهِ».قَالُوا لاَ يَبْقَى مِنْ دَرَنِهِ شَىْءٌ.قَالَ«ذَاكَ مَثَلُ الصَّلَوَاتِ الْخَمْسِ يَمْحُو اللَّهُ بِهَا الْخَطَايَا». مسند أحمد وبخاري ومسلم

"Хабар диҳед манро агар дар хонаи шахсе аз шумо наҳре ҷори бошад ва он шахс ҳар руз панҷ мартаба дар он ғусл кунад, оё бар баданаш чирке боқи мемонад? Асҳоби киром гуфтанд: На, ҳеҷ чирке боқи намемонад, Он ҳазрат фармуданд: Ҳамчунин аст мисоли намозҳои панҷгона, ки Аллоҳ таъоло ба василаи он гуноҳонро хоҳад бахшид".

(Муснади Аҳмад, Бухорӣ ва Муслим)

Эй касе ки аз намоз ғофили! Оё дидаи ки бародарони мусалмонат дар шабу руз, дар гармию сарди, дар торикию равшани ба сӯи масҷид мешитобанд то намоз бигузоранд ва ҳеҷ чизе онҳоро аз ин роҳ боз намедорад, на зулмату торики, ва на гармию сарди ва на корҳои беҳудаи дунё ва саргардонии рузгору зиндаги.

Расули акрам (с) фармудаанд:

«بَشِّرِ الْمَشَّائِينَ فِي الظُّلَم إلَى الْمَسَاجِدِ بِالنُّورِ التَّامِّ يَوْمَ الْقِيَامَةِ».

"Касонеки дар торикиҳо ба масҷидҳо мераванд, онҳоро ба нури комил дар рӯзи қиёмат башорат диҳед".

Онҳо мусалмонони растагор ва дар намозҳои худ бо хушуъ ҳастанд ва ҳангомеки бар намоз бархезанд ба сӯи Парвардигори худ бо ҷону дил рӯй оваранд ва ба мақоми саҷдагоҳи худ бинигаранд ва аз ёди Парвардигор ҳама чизро аз ёд бибаранд.

Эй касеки аз намоз ғофили! Онгоҳ ки фарёд диҳандаи ҳақ мардумро ба сӯи намоз мехонд ва мусалмонони растагор рӯй ба даргоҳи ҳақ меоваранд, ту дар куҷои? Оё намедони ки касолат ва танбали ва бе таваҷҷуҳи дар намоз аз сифоти мунофиқон мебошад.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

ﭽإِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا١٤٢ﭼ النساء 142

"Яқинан мунофиқон (мепиндоранд Аллоҳро) фиреб медиҳанд! Дар ҳолеки Худованд (сазои фиреби эшонро фиреб медиҳад). Мунофиқон ҳангомеки барои намоз бар мехезанд суст ва бе ҳол ба намоз меистанд ва бо мардум риё мекунанд (намозашон ба хотири мардум аст, на ба хотири Аллоҳ) ва Аллоҳро камтар ёд мекунанд ва ҷуз андаке ба ибодати у намепардозанд".

(Сураи Нисо, ояти 142)

Магар ин ваъдаи Парвардигоратро нашунидаи ки мефармояд:

ﭽمَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ ٤٢ قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ ٤٣ﭼ مدثر 42-43

"Чи чизҳое шуморо ба дузах кашонда аст ва бадон ан-дохта аст? Мегуянд: (дар дунё) аз ҷумлаи намозгузо-рон набудем".

(Сураи Муддасир, оятҳои 42-43)

Эй касеки аз намоз ғофили! Эй касеки намозро комилан тарк намуда ё дар адои он сусти ва танбали менамои ё онро ба ҷамоъат адо намекуни! Биштоб ба сӯи тавба пеш аз онки аҷалат фаро расад ва номаи аъмоли туро бибанданд, ва онгоҳ кор аз кор бигузарад ва фурсат аз даст биравад. Дар он замон, ки беҳуда бигуӣ: Худоё манро баргардон, вале баргаште нахоҳад буд.

Худованд мефармояд:

ﭽحَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ رَبِّ ٱرۡجِعُونِ ٩٩ ﭼ المؤمنون 99

"Замонеки марг яке аз ононро фаро расад мегуянд: Парвардигоро! Маро ба дунё боз гардон".

(Сураи Муъминун, ояти 99)

Эй касеки аз намоз ғофили! Марг ва сакароти онро тассаввур кардаи? Оё дар бораи ранҷу дарди ҷон кандан фикр намудаи? Онрузеки ҳақоиқ ошкор ва ҷойгоҳи ҳар инсон равшан гардад. Оё медони ки баъд аз марг, қабри танг ва торик, морҳо, каждумҳо, ва кирмҳо дар интизори туст? Ва баъд аз қабр дубора зинда шудан ва ҳисобу китоб аст. Онрузеки номаи аъмоли инсонҳо ё ба дасти чап ва ё ба дасти рост дода мешавад. Вой ба ҳоли касеки номаи аъмоли уро ба дасти чапаш бидиҳанд.

Худованд мефармояд:

ﭽفَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ ٧ فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابٗا يَسِيرٗا ٨ﭼ الانشقاق 8

"Дар он вақт, ҳар касеки номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад. Бо у ҳисоби сода ва осон хоҳад шуд".

(Сураи Иншиқоқ, ояти 8)

Ва дар сураи Алҳоққа Худованд мефармояд:

ﭽوَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِشِمَالِهِۦ فَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُوتَ كِتَٰبِيَهۡ ٢٥ وَلَمۡ أَدۡرِ مَا حِسَابِيَهۡ ٢٦ﭼ الحاقة25-26

"Ва аммо касеки номаи аъмолаш ба дасти чапаш дода шавад, мегуяд: Эй кош номаи аъмолам ба дастам дода намешуд! Ва намедонистам ки ҳисоби ман чист"

(Сураи Алҳоққа, оятҳои 25-26)

Оё медони ки аъмоли инсонҳо вазн карда мешавад? Ва оё медони ки тарозуи аъмоли ту чигуна хоҳад буд? Худованд мефармояд:

ﭽفَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرٗا يَرَهُۥ ٧ وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ شَرّٗا يَرَهُۥ٨ﭼ الزلزلة 7-8

"Пас ҳар кас ба андозаи зарраи ғуборе, кори неку карда бошад онро хоҳад дид (ва подошро хоҳад гирифт) ва ҳар кас ба андозаи зарраи ғуборе кори бад карда бошад онро хоҳад дид (ва сазояшро хоҳад чашид)"

(Сураи Залзала, оятҳои 7-8)

Оё дар бораи пули сирот фикре кардаи ки чигуна аз у гузар хоҳи кард?

Худованд мефармояд:

ﭽوَإِن مِّنكُمۡ إِلَّا وَارِدُهَاۚ كَانَ عَلَىٰ رَبِّكَ حَتۡمٗا مَّقۡضِيّٗا ٧١ ثُمَّ نُنَجِّي ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّنَذَرُ ٱلظَّٰلِمِينَ فِيهَا جِثِيّٗا ٧٢ﭼ سورة مريم71-72

"Ва ҳеҷ як аз шумо нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту, Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону нишаста дар он ҷо вомегузорем".

(Сураи Марям, оятҳои 71-72)

Он рӯз рӯзи пушаймони аст, аммо пушаймони фойдае надорад, Худованд мефармояд:

ﭽوَيَوۡمَ يَعَضُّ ٱلظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيۡهِ يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي ٱتَّخَذۡتُ مَعَ ٱلرَّسُولِ سَبِيلٗا٢٧ﭼالفرقان 27

"Ва дар он рӯз ситамкор ҳар ду дасти хешро (аз шиддати ҳасрат ва пушаймони) бо дандон мегазад ва мегуяд: Эй кош! бо расули Худо (биҳиштро) бар мегузидам".

(Сураи Фурқон, ояти 27)

Эй касеки аз намоз ғофили! Ва ба вақтҳои он бе таваҷҷуҳи ва ғарқ дар шаҳавоту лаззоти дунё ҳасти, ва ҳар инсонҳои солеҳ бихоҳанд туро аз ин ғафлат боз доранд, ҳаво ва ҳавас ва кибру ғурур туро аз роҳи рост боз медорад. Оё чашме дори, ки аз тарси Аллоҳ ашк резони? Оё диле дори ки дар он хушуъ ва тавозуъ бошад? Оё нашунидаи ки Худованд мефармояд:

ﭽأَلَمۡ يَأۡنِ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَن تَخۡشَعَ قُلُوبُهُمۡ لِذِكۡرِ ٱللَّهِ وَمَا نَزَلَ مِنَ ٱلۡحَقِّ وَلَا يَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلُ فَطَالَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡأَمَدُ فَقَسَتۡ قُلُوبُهُمۡۖ١٦ﭼ الحديد16

"Оё мӯъминонро вақти  он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробари ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (мутеъ, фурутан) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобат китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд".

(Сураи Ҳадид, ояти 16)

Ва бидон эй касеки аз намоз ғофили! Ҳар ки намозро тарк менамояд, бандаи саркаш, нофармон ва гунаҳгор дар муқобили Аллоҳ, ва пайрави шайтон мебошад, ҳамон шайтонеки дар муқобили фармони Аллоҳ саркаши намуд ва аз даргоҳи Аллоҳ таъоло ронда гардид.

Агар подшоҳ ва ё раис ҳасти ва мулку раёсат туро аз намоз боз дошт бидон ки бо Фиръавн барангехта хоҳи шуд.

Ва агар вазири ва мансаб туро аз намоз боз дошт, бидон ки бо Ҳомон барангехта хоҳи шуд.

Агар пулдор ва сарватманд ҳасти ва ин пулу сарват туро аз намоз боз дошт, бидон ки бо ҳамроҳии Қорун барангехта хоҳи шуд, Ва агар тоҷири ва тиҷорату кор туро аз намоз боз дошт бидон, ки бо ҳамроҳии Убай писари Халаф барангехта хоҳи шуд.

Пас эй бародар ва хоҳари мусалмон рӯзи қиёмат бо ки мехоҳи бархези? Бо намозгузорону некукорон ва касонеки Худованд дар бораи онон мефармояд:

ﭽوَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَعَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّ‍ۧنَ وَٱلصِّدِّيقِينَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَٱلصَّٰلِحِينَۚ وَحَسُنَ أُوْلَٰٓئِكَ رَفِيقٗا ٦٩ﭼ النساء 69

"Ва касеки аз Аллоҳ ва Пайғамбараш ( бо таслим дар баробари фармони онон ва ризо ба ҳукми эшон) итоат кунад, ӯ (дар рузи растохез ба биҳишт меравад) касонеро ҳамнишин хоҳад буд, ки (наздикони даргоҳанд) ва Аллоҳ таъоло ба эшон неъмат (ҳидоят) дода аст (ва онҳоро шомили лутфи худ номида аст ва бузургвории хешро бар онон тамом карда аст. Он наздиконе, ки бо ӯ ҳамдам хоҳанд буд иборатанд) аз Пайғамбарон, ва ростравону ростгуён, (ки Паёмбаронро бовар карда ва бо роҳи онон рафтанд) ва шаҳидон ва шоистагон ва некукорон ва онон чи андоза дӯсти хуб ҳастанд".

(Сураи Нисо, ояти 69)

Ё бо мунофиқон ва муҷримон ва касонеки Худованд дар бораи онҳо мефармояд:

ﭽٱلَّذِينَ هُمۡ عَن صَلَاتِهِمۡ سَاهُونَ٥ﭼ الماعون 5

"Ҳамоно касонеки намози худро ба дасти фаромуши месупоранд".

(Сураи Моъун, ояти 5)

Ононеки Худованд дар бораи онҳо мегуяд:

ﭽوَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ٤٨ﭼ المرسلات 48

"Вақтеки барои онон гуфта мешавад: Хам шавед (ба пеши Аллоҳ рукуъ кунед) хам намешаванд"

(Сураи Мурсалот, ояти 48)

Ва оқибат чунонеки Худованд мефармояд:

ﭽوَنَسُوقُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ إِلَىٰ جَهَنَّمَ وِرۡدٗا٨٦ﭼ المريم86

"Ва гунаҳгоронро ташнаком басӯи ҷаҳаннам меронем (ба онҷо дохил мекунем)".

(Сураи Марям, ояти 86)

Бародарон ва хоҳарони мусалмон таваҷҷуҳ намоед, ки чигуна Аллоҳ таъоло ҳоли аҳли ҷаннатро баён менамояд, ки дар ҷаннат ва байни неъматҳо ва лаззатҳои он зиндаги мекунанд, ва Аллоҳ таъоло аҳли дузахро ва ҳоли онҳоро ба аҳли биҳишт нишон медиҳад ва дар он ҳол аҳли ҷаннат аз касонеки дар дузах ҳастанд мепурсанд:

ﭽمَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ٤٢ﭼ المدثر 42

"Чи чизҳо шуморо ба духаз кашонида аст ва ба он андохта аст".

(Сураи Муддассир, ояти 42)

Яъне: Аҳли биҳишт аз онҳо мепурсанд, ки чи чиз сабаб шуда, ки дар ин азоби сахт гирифтор бошед? Дар ҷавоб мегуянд:

ﭽقَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ٤٣ﭼ المدثر 43

"Мегуянд: Дар дунё аз зумраи намозгузорон набудем"

(Сураи Муддассир, ояти 43)

Оре, он гуруҳе ки дар ин азоби сахт гирифторанд, аз ёди Аллоҳ таъоло руй гардонда буданд, дунёро дар айши ишрат басар бурданд ва аз охират ғофил шуданд, ва дар ҳоле аз дунё рафтанд, ки итоъати парвардигори худро намекарданд зеро, ки аз Худои худ наметарсиданд ва мутакабиру саркаш буданд, пас ҷазои онҳо ин аст, ки дар он рӯз ба руй худ афтода ва кашон кашон онҳоро ба оташ мебаранд.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

ﭽيَوۡمَ يُسۡحَبُونَ فِي ٱلنَّارِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ ذُوقُواْ مَسَّ سَقَرَ٤٨ﭼ القمر48

"Рӯзеки кашида шаванд дар оташ, бар руйҳояшон руи замин кашида мешаванд (ва барояшон гуфта мешавад) бичашед мазаи оташро".

(Сураи Қамар, ояти 48)

Эй касеки аз намоз ғофили! Эй касеки дунё ва лаззат ва шаҳавоти зудгузари он туро мағрур карда аст, ва намехоҳи дар муқобили холиқат ва парвардигорат сар ба саҷда бигузори!

ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ٦ﭼ الإنفطار 6

"Эй инсон чи чиз туро дар муқобили парвардигори бузургат мағрур сохта аст ва дар ҳақи ӯ фиребат дода аст".

(Сураи Инфитор, ояти 6)

Ки туро мағрур сохта аст, ки чунин нофармони мекуни ва худро ба гуноҳ ва нофармони олуда месози? Туро ба Худо нафс ва виҷдони ту ором аст ба ин нофармониҳо? Ва оё аз оташи дузах наметарси? Оё аз оқибати баде, ки баъд аз ҳисобу китоб дар интизори туст, наметарси? Эй касеки дар қувват ва ғурури ҷавони ғарқ ҳасти! Эй касеки мӯйят сафед шуд ва то ҳануз дар ғафлати!

Оё намедони ки ҳар лаҳза мумкин аст аҷалат фаро расад ва дар онвақт дафтари аъмолатро мебанданд ва дигар туро фурсате нест!!!

ﭽوَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٞۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَأۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ٣٤ﭼ الأعراف 34

"Ҳар гуруҳе дорои муддати замоне (маълум) аст, ва ҳангомеки замони маҳдуди онон ба сар расид на лаҳзае аз он таъхир хоҳанд кард ва на лаҳзае бар онон пеш мегиранд".

(Сураи Аъроф, ояти 34)

Ин Омир ибни Абдуллоҳ (р) аст, ки вақте садои

(حي على الصلاة و حي على الفلاح)

-ро мешунавад дар ҳолеки мариз аст аз фарзандонаш мехоҳад, ки ӯро ба масҷид бибаранд, фарзандонаш мегӯянд, ки падар ту мариз ҳасти ва Худованд узри маризҳоро мепазирад, ҷавоб медиҳад: ( (حي على الصلاة و حي على الفلاح -ро бишнавам ҷавоб надиҳам? На валлоҳи бояд маро ба масҷид бибаред, ӯро ба масҷид бурданд ва дар ҳолеки дар ҳолати намоз ва дар саҷда буд, Худованд руҳи ӯро қабз кард.

Эй касеки аз намоз ғофили! Эй касеки бо тарки намоз ба нафси худ зулм кардаи! Биё биштоб ва тавба намуда ба суй Аллоҳ таъоло баргард, пеш аз инки гирифтори фитнаҳо гарди, аз ҳазрати Абуҳурайра ривоят кардаанд, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«بَادِرُوا بِالأَعْمَالِ فِتَنا كَقِطَعِ اللَّيْلِ الْمُظْلِمِ. يُصْبِحُ الرَّجُلُ فِيْهَا مُؤْمِنا وَيُمْسِي كَافِرا. أَوْ يُمْسِي مُؤْمِنا وَيُصْبِحُ كَافِرا. يَبِيعُ دِينَهُ بِعَرَضٍ مِنَ الدُنيا». صحيح مسلم.

"Биштобед ба анҷоми аъмоли нек, пеш аз онки фитнаҳое зоҳир шавад, монанди пораҳои шаби торик, ки шахс субҳ муъмин асту бегоҳ кофир мешавад, Ё инки бегоҳ муъмин асту саҳар кофир мешавад, дини худро дар баробари матоъи ками дунё мефурушад"

(Муслим)

Бародару хоҳари мусалмон! Дар интизори чи ҳасти? Дар интизори фақреки бароят бадбахти ва фаромуши оварад ва ё сарвате ки туро ба туғён (саркаши) бибарад, ва ё маразеки туро аз пой дар оварад, ва ё пири ки туро замингир созад ва ё аҷалеки дар ҳар лаҳзае фаро расидан аст, ё дар интизори қиёмат ҳасти, ки Аллоҳ таъоло дар бораи он мефармояд:

ﭽبَلِ ٱلسَّاعَةُ مَوۡعِدُهُمۡ وَٱلسَّاعَةُ أَدۡهَىٰ وَأَمَرُّ٤٦ﭼ القمر46

"Балки мавъидашон қиёмат аст, ва қиёмат балои он азимтар ва талхтар (аз куштан ва исорати ин ин ҷаҳони барояшон) аст".

(Сураи Қамар, ояти 46)

Бародару хоҳари мусалмон!

Оё ҷаннатро дӯст намедори? Бешак ҳамаи мусалмонон ҷаннатро дӯст медоранд, вале барои ба даст овардани ҷаннат чи кардаем? Оё медонед, ки аз муҳимтарини сифоти аҳли ҷаннат таваҷҷуҳ ва барпо доштани намоз аст? Худованд мефармод:

ﭽوَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ٩ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡوَٰرِثُون١٠ﭼ المؤمنون9-10

"Ва касонеки мувозиб ва муроқиби авқот ва аркони) намозҳои худ мебошанд, онон мустаҳиқон ва ворисони биҳишт ҳастанд".

(Сураи Муъминун, оятҳои 9-10)

Бародар ва хоҳари мусалмон оё медони чи касоне дар боғҳои биҳишт мавриди иҳтиром ва икром ҳастанд?

ﭽوَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ٣٤ أُوْلَٰٓئِكَ فِي جَنَّٰتٖ مُّكۡرَمُونَ٣٥ﭼ المعارج 34-35

"Ва касонеанд ки мувозиб ва муроқиби (вақтҳо ва рукнҳои) намозҳои худ мебошанд, онон дар боғҳои биҳишт мавриди иҳтиром ва икром ҳастанд".

(Сураи Маъориҷ, оятҳои 35-36)

Оё медонии чи касоне ҳастанд, ки на тарсе бар онон аст ва на андуҳгин мешаванд?

Худованд мефармояд:

ﭽإِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ٢٧٧ﭼ البقرة 277

"Яқинан касоне имон биёваранд ва кори шоиста анҷом диҳанд ва намозро чуноне ки бояд барпо доранд ва закотро бипардозанд, муздашон назди парвардигорашон аст, ва на тарсе бар онон аст ва на андуҳгин мешванд"

(Сураи Бақара, ояти 277)

Бародар ва хоҳари мусалмон! Оё аз азоби ҷаҳаннам ва қаҳри Худованди ҷаббор наметарси? Оё ин фармудаи Аллоҳ таъолоро нашунидаи?

ﭽفَخَلَفَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ خَلۡفٌ أَضَاعُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَٱتَّبَعُواْ ٱلشَّهَوَٰتِۖ فَسَوۡفَ يَلۡقَوۡنَ غَيًّا ٥٩ﭼ مريم 59

"Баъд аз онон фарзандони онон халқе (руй кор омаданд ва дар замин) ҷойгузин шуданд, ки намозро тарк карданд ва ба дунболи лазоиз ва шаҳавот роҳ афтоданд, (ва маҷозоти) гумроҳи (худро дар дунё ва охират) хоҳанд дид"

(Сураи Марям, ояти 59)

Оё медонед ки маънои (ғаяяа) чист? Дар тафсир омада аст, ки маконе дар қаъри дузах мебошад ки бадбуй ва бад таъм аст, ва ҳамчунин гуфтаанд ки маконе аст дар ҷаҳаннам, ки пур аз хун ва зардоб мебошад, ва ҳазрати Абдуллоҳ ибни масъуд мефармояд:

Маънои (азоъу) ин аст, ки комилан тарк нанамудаанд, балки намозҳоро дар авқоти муаян нахонданд ва дар адои он таъхир намудаанд.

Эй касеки аз намоз ғофили! Оё намехоҳи ки гуноҳонат бахшида шавад? Ҳазрати ибни Умар ривоят намудаанд, ки расули акрам (с) башорат додаанд:

«إِنَّ الْعَبْدَ إِذَا قَامَ يُصَلِّى أُتِىَ بِذُنُوبِهِ، فَجُعِلَتْ عَلَى رَأْسِهِ وَعَاتِقَيْهِ، فَكُلَّمَا رَكَعَ أَوْ سَجَدَ تَسَاقَطَتْ عَنْهُ». رواية بيهقي- ابن حبان.

"Ҳаргоҳ бандае бар намоз истода шавад гуноҳонаш бар болои сар ва шонааш оварда мешавад ва ҳар вақт рукуъ ва саҷда мекунад гуноҳонаш аз у мерезад (пок мешавад)"

(Байҳақӣ, ибни Ҳаббон)

Эй касеки аз намоз ғофили! Оё намедони ки намозгузорон дар паноҳ ва ҳифзи Худованд мебошанд.

Расули акрам (с) мефармоянд:

«مَنْ صَلَّى صَلَاةَ الصُّبْحِ فَهُوَ فِي ذِمَّةِ اللَّهِ فَلَا يَطْلُبَنَّكُمْ اللَّهُ مِنْ ذِمَّتِهِ بِشَيْءٍ فَإِنَّهُ مَنْ يَطْلُبْهُ مِنْ ذِمَّتِهِ بِشَيْءٍ يُدْرِكْهُ ثُمَّ يَكُبَّهُ عَلَى وَجْهِهِ فِي نَارِ جَهَنَّمَ». مسلم

"Касеки намози субҳро бихонад ӯ дар амони Аллоҳ аст, Пас кушиш кунед ки худованд дар мавриди чизе (ки додааст (амони худо)) шуморо мавриди пурсиш қарор надиҳад, зеро ҳаргоҳ худованд аз касе чизе аз бадиҳи (қарз) биталабад, уро фаро мегирад ва сипас ӯро ба руяш ба оташи дузах меандозад кушиш кунед ки Худованд"

(Муслим)


(Ин ҳадис маънои онро дорад,ки: Касе ки намози бомдодро бихонад дар амони Худо мебошад ва ҳар касе хоҳад ин амони Худоро халалдор кунад мавриди пурсиши Худо қарор мегирад, ки оқибати ин пурсиш ба азоб гирифтор шудан ва ба руй ба дузах андохтан аст.)

Намоз паноҳгоҳи инсон аз ҳар ранҷу бало ва ором бахши руҳу ҷон мебошад.

Расули акрам (с) ба муазинаш Билол (р) мефарму-данд:

«يا بِلاَلُ أَقِمِ الصَّلاَةَ أَرِحْنَا بِهَا». أبو داود واحمد.

"Эй Билол! Бо барпо намудани намоз ба мо роҳате бибахш" (Абудовуд ва Аҳмад)

Ҳамчунон намоз сабаби ризқу рӯзии фаровон ва баракат мегардад, Аллоҳ таъоло мефармояд:

ﭽوَأۡمُرۡ أَهۡلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصۡطَبِرۡ عَلَيۡهَاۖ لَا نَسۡ‍َٔلُكَ رِزۡقٗاۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُكَۗ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلتَّقۡوَىٰ ١٣٢ﭼ طه 132

"Хонаводаи худро ба гузоридани намоз дастур бидеҳ ва худ низ ба барпо кардани он собиту устувор бош, мо аз ту рӯзи намехоҳем, балки мо ба ту рӯзи медиҳем, саранҷоми (неку сутуда ) аз он аҳли тақво ва парҳезгорон аст".

(Сураи Тоҳо, ояти 132)

Намоз робита ва василаи наздики ба Аллоҳ таъоло мебошад, касеки ба намоз меистад дар ҳақиқат дар муқобили Аллоҳ таъоло истода аст ва бо Ӯ таъоло муноҷот мекунад, бо хузуъ рукуъ мекунад ва бо хушуъ ва фурутани саҷда мекунад ва бештар ба парвардигори худ наздик мешавад.

Худованд мефармояд:

ﭽوَٱسۡجُدۡۤ وَٱقۡتَرِب۩١٩ﭼ العلق 19

"Саҷда кун ва наздик шав"

(Сураи Алақ, ояти 19)

Яъне ба намоз хондани худ дар баробари офаридагори хеш идома бидеҳ, ва бадин васила ба парвардигорат наздик шав.

Ва Аллоҳ таъоло дар ситойши Исмоъил (а) мефармояд:

ﭽوَكَانَ يَأۡمُرُ أَهۡلَهُۥ بِٱلصَّلَوٰةِوَٱلزَّكَوٰةِ وَكَانَ عِندَ رَبِّهِۦ مَرۡضِيّٗا٥٥ﭼ مريم 55

"Ӯ ҳамроҳи хонаводаи худ ба иқомати намоз ва додани закот дастур медод ва дар пеши параврдигораш мавриди ризоят буд"

(Сураи Марям, ояти 55)

Ҳамчунин намоз дар вақтҳои сахти ва мушкилот ва мусибатҳо кумак ва роҳати қалб барои муъминон аст.

Ва Худованд дар ояти дигаре ки маънояш чунин аст мефармояд:

"Ва аз Аллоҳ ба сабру таҳаммул ва намоз ёри ҷуед, ки намоз (бо ҳузури қалб) амри бисёр душвор аст, магар барои (Худопарастон ки муштоқи намозанд) бо хушуъ ва фурутани"

(Сураи Бақара, ояти 45)

Эй мусалмон оё медони ҳукми касеки намоз намехонад ва аз дунё меравад чист?

Баъзе аз аҳли илм фармуданд ки: "Набояд шуста шавад ва на кафан шавад ва на бар ӯ намози ҷаноза хонда шавад ва на дар қабристони мусалмонон дафн гардад".

Пас бо у чи бояд кард? Гуфтаанд ки бояд ӯро ба саҳро бибаранд ва бо либосаш дафн намоянд, зеро мурдаи ӯ ҳурмате надорад.



Гуфтугу

Пурсидам: Чаро намозро тарк намудӣ?

Гуфт: Машғул будам.

Гуфтам: Чи машғулият муҳимтар аз намоз мебошад ки дар рӯзи қиёмат пештар аз намоз пурсида мешавад?

Гуфт: Медони ки масруфияти дунё бисёртар аст, чи метавон кард.

Гуфтам: Оё намедони ки намоз ҳади фосил (ҷудокунанда) байни ислом ва куфр аст, магар намедонӣ ки расули акрам (с) фармуданд:

«بَيْنَ الرَّجُلِ وَبَيْنَ الشِّرْكِ وَالْكُفْرِ تَرْكُ الصَّلاَةِ» روايت از احمد ومسلم.

"Фарқ дар миёни марди мумин ва кофир ма мушрик, тарки намоз аст".

(Аҳмад ва Муслим)

Гуфт: Мусалмони танҳо ба намоз нест, муҳим ин аст, ки қалби мусалмон дуруст бошад, ман мусалмонеро азият намекунам ва бо ҳама рафтори нек дорам ва бо ҳама хуш ахлоқ ҳастам.

Гуфтам: Ин ҳилаи шайтон аст, ки баъзе аз мусалмононро ба василаи он мефиребад, то гирифтори гуноҳ гарданд дар ҳолеки фикр мекунанд, ки кори хубе анҷом додаанд. Ва чи гуноҳ бузургтар аз тарки намоз, (ин ибодати бузург) аст.

Ин васвасаи шайтон аст, ки аъмоли бади моро дар назарамон хуб намоиш медиҳад.

ﭽوَإِذۡ زَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ ٤٨ﭼ الأنفال 48

"Замонеки шайтон (бо васвасаҳои худ) аъмолашонро барояшон меорист"

(Сураи Анфол, ояти 48)

Гуфт: Бисёре аз мардум намоз мехонанд, вале гирифтори гуноҳ мешаванд.

Гуфтам: Магар касеки намоз мехонад маъсум аз гуноҳ аст? Маъсум аз гуноҳ танҳо расули акрам (с) мебошанд, дигар ту аз ҷумлаи касоне бош ки намоз онҳоро аз фаҳшо ва мункар ва гуноҳ боз медорад, ва ту намуна бош барои дигарон.

Аллоҳ таъоло мефармояд:

ﭽٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ٤٥ﭼ العنكبوت 45

"Ҳар чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намоз бигзор, ки  ҳаройна, намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва зикри Худо бузургтар аст ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!"

(Сураи Анкабут, ояти 45)

Гуфт: Ман калимаи шаҳодат мегуям ва алҳамдулил-лоҳ мусалмон ҳастам, ва расули акрам (с) фармуданд: Калимаи шаҳодат калиди ҷаннат аст ва касеки ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммад русулуллоҳ гуяд оташи ҷаҳаннам бар ӯ ҳаром мегардад, ва дигар инки Худованд ғафуру раҳим аст.

Гуфтам: Дар инки калимаи шаҳодат калиди ҷаннат аст, ҳеч шаке нест, аммо оё медони, ки уламо дар шарҳи ин ҳадис гуфтанд:

Ло илоҳа иллаллоҳ калиди ҷаннат аст, аммо ҳар калид дандонаҳое дорад ки ба василаи он дар боз мешавад ва дандонаҳои калиди ҷаннат амали нек мебошад ва ло илоҳа иллаллоҳ бидуни амал ба авомири ислом монанди калиди бедандон аст, дигар инки Аллоҳ таъоло мефармояд:

ﭽوَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ ٢٥ﭼ البقرة 25

"Мужда бидеҳ ба касонеки имон оварданд ва кирдори неку анҷом доданд, эшонро аст боғҳои (биҳишти) ки дар зери дарахтони он наҳрҳо равон аст"

(Сураи Бақара, ояти 25)

Бубин ки танҳо имон кофи нест, балки ҳамроҳи имон амали солеҳ ва кирдори неку лозим аст, ва Худованд дар ҷой дигармефармояд:

"Ва касонеки имон оварданд ва кирдори писандида ва афъоли шойста анҷом доданд инон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд" Бақара 82

Ва дар ояти дигар мефармояд:

ﭽمَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَلَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ٦٢ﭼ البقرة 62

"Бегумон касонеки имон биёваранд ва амали шойста анҷом диҳанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, муздашон назди парвардигорашон аст ва на хавфе бар онҳост ва на андуҳгин мешаванд"

(Сураи Бақара, ояти 62)

Ва дар ҷои дигар мефармояд:

ﭽﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖ ﮗﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﭼ آل عمران 57

"Ва аммо касонеки имон меоваранд ва корҳои шойста анҷом медиҳанд, Худованд подоши онҳоро ба таври комил хоҳад дод ва Худованд ситамгоронро дӯст надорад"

(Сураи Оли Имрон, ояти 57)

Ва ҳамчунин мефармояд:

ﭽوَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٌ عَظِيمٞ٩ﭼ المائدة 9

"Аллоҳ таъоло ба касонеки имон биёваранд ва корҳои шойста анҷом диҳанд ваъда медиҳад ки омурзиш ва подоши бузурге аз онҳо бошад"

(Сураи Моида, ояти 9)

Ва даҳҳо оятҳои дигар дар Қуръон карим вуҷуд дорад, ки имон ва амал боҳам зикр гардида аст, ҳамчунин дар баёни сифоти мунофиқин мефармояд:

ﭽإِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا١٤٢ﭼ النساء 142

"Мунофиқон Худоро (ба гумони худашон) фиреб додан мехоҳанд ва ҳол он ки Худованд онҳоро муносиби фиребу макрашон ҷазо медиҳад. Ва чун ба намоз бархезанд, бо сусти бархезанд ва барои худнамоӣ намоз кунанд ва дар намоз, ҷуз андаке  Худоро ёд накунанд".

(Сураи Нисо, ояти 142)

Бубин бародарам дар ин оят баён мегардад, ки яке аз сифоти мунофиқин ин аст: Намозро бо танбали ва беҳоли ба ҷой меоранд ва Худованд барои онҳо қаъри дузахро ваъда намуда аст, пас ҳолати касеки намозро комилан тарк намуда чи хоҳад буд?!.

Ба ту мегуям бародарам, зиндагии дунё туро нафиребад ва мағрур насозад, аз неъматҳои ҳалоли дунё ҳисоб гирифта мешавад ва дар муқобил ҳароми дунё азоби дарднок аст.

Ба намоз бархез пеш аз ин ки бигуи:

ﭽيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي٢٤ﭼ الفجر24

"Хоҳад гуфт: Эй кош барои зиндагии худ (хайрот ва ҳасанот) пешопеш мефиритодам"

(Сураи Фаҷр, ояти 24)

Ба намоз бархез пеш аз инки бигуи:

ﭽحَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ رَبِّ ٱرۡجِعُونِ٩٩ﭼ المؤمنون 99

"Ва замонеки марги яке аз онон фаро мерасад, мегуяд: Парвардигоро! Маро (ба дунё) боз гардон".

(Сураи Муъминун, ояти 99)

Ба намоз бархез ва басуи Аллоҳ баргард ва таслими фармони Ӯ шав ва аз таъолими Ӯ пайрави кун, пеш аз инки бигуи:

ﭽأَن تَقُولَ نَفۡسٞ يَٰحَسۡرَتَىٰ عَلَىٰ مَا فَرَّطتُ فِي جَنۢبِ ٱللَّهِ وَإِن كُنتُ لَمِنَ ٱلسَّٰخِرِينَ ٥٦ أَوۡ تَقُولَ لَوۡ أَنَّ ٱللَّهَ هَدَىٰنِي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُتَّقِينَ٥٧ﭼ الزمر 56- 57

"То касе нагӯяд: «Эй дареғо, ки дар кори Худо кӯтоҳӣ кардам ва (эй дареғо) аз масхаракунандагон будам».

Ё бигӯяд: «Албатта, агар Худо маро ҳидоят карда буд, ман аз парҳезгорон мебудам».

(Сураи Зумар, оятҳои 56-57)

Намоз бихон то аз азоби ҷаҳаннам дар амон боши ва дар ҷаннат ба саломати дарои!.

Гуфт: дастатро бидеҳ!

Гуфтам: чаро? Мехоҳи бирави?

Гуфт: На, балки ваъда медиҳам, ки баъд аз ин ҳаргиз намози худро тарк накунам.



Пас бародарон ва хоҳарони мусалмон!

Биштобед басӯи ҷаннате, ки паҳноии он баробари осмонҳо ва замин аст, аз дигарон сабқат бикунед дар корҳои нек пеш аз онки рӯзе фаро расад ки:

ﭽيَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٞ وَلَا بَنُونَ ٨٨ إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٖ سَلِيمٖ ٨٩ﭼ الشعراء 88-89

"Рӯзе, ки на мол суд медиҳад ва на фарзандон,

Магар он кас, ки бо қалбе раста аз ширк ба назди Худо биёяд!"

(Сураи Шуъаро, оятҳои 88-89)

Биштобед ва нидои ҳақро лаббайк бигӯед:

ﭽيَٰقَوۡمَنَآ أَجِيبُواْ دَاعِيَ ٱللَّهِ وَءَامِنُواْ بِهِۦ يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُجِرۡكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ٣١ﭼ الأحقاف 31

"Эй қавми мо! Иҷобат кунед суханони даъват кунандаи Аллоҳро ва ба ӯ имон оваред, то Аллоҳ таъоло гуноҳони шуморо биёмурзад ва шуморо аз азоби сахти охират дар паноҳи хеш дорад".

(Сураи Аҳқоф, ояти 31)

Бародарону хоҳарони мусалмон нагӯед, ки гуноҳони мо зиёд аст ва руйи баргашт ба сӯи Аллоҳро надорем!!, зеро раҳмати Худованд аз ҳама чиз бештару бузургтар аст ва ҳаргоҳ, ки ба сӯи Ӯ боз гардед дари тавба бароятон боз аст.

Худованд мефармояд:

ﭽقُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ٥٣ﭼ الزمر 53

"Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед, аз раҳмати Худо ноумед машавед.

Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ҳаройна, Ӯст омурзандаву меҳрубон!

(Сураи Зумар, ояти 53)

Пас бозгардед ба сӯи Аллоҳ бо тавба ва талаби мағфират ва сафҳаи наву сафед дар зиндагии худ бикушоед, ва бо парвардигори худ аҳд намоед ки дигар нофармонии Ӯ таъолоро накунед, агар чунин тасмим гирифтед ва дар он содиқ будед, Худои меҳрубон низ ба шумо кумак менамояд.

ﭽإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡۗ ١١ﭼ الرعد 10

"Худованд ҳолу вазъи ҳеҷ қавмеро тағир намедиҳад, магар инки онҳо аҳволи худро тағир диҳанд"

(Сураи Раъд, ояти 10)

Эй мусалмонон аз Аллоҳ битарсед ва дар адои намоз бо ҷамоъат дар масҷид бо хузуъу хушуъ кушиш намоед, то аз ҷумлаи растагорон бошед.

Ва дар охир аз даргоҳи парвардигор мехоҳам ки ба мо тавфиқ иноят фармояд, ки дар роҳи Ӯ қадам бардорем ва ба ману шумо тарси Худо ва оқибати нек насиб намояд ва ҳамаи мусалмононро ба василаи баргашт ба Қуръони карим ва суннати расули акрам (с) аз зиллат ва хори раҳонад. Омин!!!

ﭽرَبَّنَا لَا تُؤَاخِذۡنَآ إِن نَّسِينَآ أَوۡ أَخۡطَأۡنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تَحۡمِلۡ عَلَيۡنَآ إِصۡرٗا كَمَا حَمَلۡتَهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلۡنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِۦۖ وَٱعۡفُ عَنَّا وَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَآۚ أَنتَ مَوۡلَىٰنَا فَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٨٦ﭼ البقرة 286

"Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кардаем, моро бозхост макун!

Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи гарон ниҳодӣ, таклифи гарон бар мо  манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо  таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар  мо раҳмат овар! Ту мавлои мо ҳастӣ. Пас моро бар гурӯҳи  кофирон пирӯз гардон!"

(Сураи Бақара, ояти 286)



Мароҷеъ

1) Қуръони карим.

2) Тафсири анворул қуръон (устод Абдурауфи мухлиси).

3) Тафсири нур (устоди Хурамдил).

4) Китобҳои ҳадис.

5) Китоби (Эй ғофил аз намоз).

6) Китоби Наҳҷул балоға.

Сайтҳои муфиди исломӣ:



www.ofoq.org

www.ahlesonnat.net

www.islam411.com

www.aqeedeh.com

www.islamtape.com

www.sunnionline.net

www.afghanmuslims.com


Эй касеки аз намоз ғофилӣ!

Сипос Худоеро ки намозро бар мусалмонон фарз гардонида ва онро бузургтарин ибодат ва сутуни дини ислом ва василаи наздик шудан ба худ қарор дод, ва дуруду салом бар беҳтарин фарзан

475.21kb.

25 12 2014
1 стр.


Намоз фаҳш ва мункардан қайтаради

Шундай бўлсада, бугунги кунда намоз ўзига муносиб аҳамият ва эътибор топганини кўрмаймиз. Бунга сабаб, намоз, одамлар уни бажаришга одатланиб қолган

97.73kb.

11 10 2014
1 стр.